Сипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.
Author: Абу Закариё Аннавави
Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.
Author: Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
Reveiwers: Мусъаби Ҳамза
Publisher: Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Ин китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.
Author: Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.
Author: Мисбоҳиддини Ҳомид
Reveiwers: Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Ин китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.
Author: Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Author: Абдушшариф Боқизода